- бағал
- [بغل]1. зери пайвандгоҳи дасту китф, каш2. оғӯш, канор, бар, сина, дӯш; аз (зери) бағали касе гирифтан а) бозуи касеро даст гирифтан, аз зери каши касе гирифтан; б) маҷ. ба касе мадад расонидан, кӯмак кардан, дастгирӣ кардан (дар дармондагӣ); ба (дар) бағал гирифтан (кашидан) оғӯш кардан, дар канор кашидан3. маҷ. дарун, миён, байн, мобайн: бағали кӯҳ, бағали дара, бағали водию биёбон4. холигие, ки аз бастани миён дар ду тарафи ҷома (болотар аз миён) пайдо мешавад; кисаи бағал ниг. бағалкиса5. миқдори ҳезум, алаф ё чизи дигар, ки бо ду дасти калонкушода онро ба оғӯш гирифта бардоштан мумкин аст◊ бағали касеро бо чормағзи пуч пур кардан бо ваъдаи хушку холӣ фирефтан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.